Низомнома
Бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» декабри соли 2006 № 595
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ва мелиоратсияи замин, мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба таҳияи сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мелиоратсияи заминҳои обёришаванда, истифода ва нигахдошти объектҳои хоҷагии об, ташакулёбӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об, сохтмон, таъмини деҳот бо об ва обёрии чарогоҳҳо фаъолиятро анҷом медиҳад.
2. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти воҳидҳои таҳти тобоияташ қарордоштаро анҷом медиҳад.
3. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, карорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
4. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин дигар ташкилот анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қнунхои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумдурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пешниҳод менамояд;
- нақшаи кор ва нишондиҳандаҳои дуриамои фаъолияти воҳидҳои системаро муайян менамояд;
- мустақилона ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи мелиоратсияи заминҳои обёришаванда, истифода ва ҳифзи захираҳои об, сохтмони иншооти хоҷагии об, бо об таъминкунии аҳолии деҳот ва обёрии чарогоҳҳо корҳоро анҷом медиҳад;
- идоракунии ҳамгироишуда оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои обии навъҳои ҳавзавӣ;
- пешбурди баҳисобгирии ташакулёбӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои оби;
- таҳия ва татбиқи барпомаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, рушди милиоратсияи замин, бо об таъмин намудани деҳот, обёрии чарогоҳҳо, ҳифзи ҳудуд аз таъсири зиёновари об;
- таҳия намудани тарифҳои тафриқашудаи хизмати обрасонӣ, бо дарназардошти арзиши бозаргонии хароҷот барои нигахдошт ва истифодаи иншооти хоҷагии об;
- таҳияи пешниҳодот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар доираи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об;
- пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва мониторинги ҳолати захираҳои об, назорати вазъи техникии иншооти обӣ;
- тасдиқи нақшаҳои бисёрсола ва солонаи корҳой илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ оид ба баланд бардоштани самарабахшии истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ;
- пешбурди сиёсати судманди инвеститсионӣ ва мутаносибгаронии маблағгузории муттамаркази давлатӣ ва маблағҳои худии корхонаю ташкилотҳои система бо мақсади рушди мелиоратсияи замин, нигаҳдошт ва истифодаи иншооти хоҷагии об, таъмини аҳолии деҳот бо об ва обёрии чарогоҳҳо;
- мусоидат ба ҷалби инвеститсия барои навсозӣ ва рушди иншооти хоҷагии об, ҷорӣ намудани технологияи муосири идора вобаста ба истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ;
- мусоидат ба дастгирии давлатӣ барои нигахдошт ва истифодаи иншооти обёрии мошинӣ;
- муайян намудани тартиби фароҳам овардани ҳуқуқи идоракунии раёсатҳои хоҷагии оби давлатӣ ва воҳидҳои махсусгардонидашуда;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои давлатии хоҷагиҳои обистифодабаранда, корхонаю ташкилотҳои илмию истеҳсолӣ, лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, илмию тадқиқотӣ ва дигар корхонаю ташкилоти система;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти худ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар ташкилот сарфи назар аз шакли моликият оид ба масъалаҳои истифодаи судманд ва ҳифзи захираҳои обй, баланд бардоштани эътимоднокии кори иншооти хоҷагии об, гузаронидани мелиоратсияи замин ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи муқараргардидаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаю ташкилоти вазорату идораҳо дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба масъалаҳои обтаъминкунӣ машғуланд;
- пешбурди баҳисобгирии истифодаи судманд ва ҳифзи захираҳои об, меъёрҳо ва лимитҳои мукарраргардидаи истифодаи об аз ҷониби обистифодабарандагон, сарфи назар аз шакли моликият ва ҷамъбасти маълумот оид ба истифодаи об аз ҷониби соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, инчунин дигар маълумот оид ба захираҳои об;
- таҳияи баланси захираҳои об ва нақшаи истифодаи маҷмӯии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо, худудҳо ва дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ;
- якҷоя бо дигар макомоти махсус ваколатдори давлатӣ гузаронидани мониторинга иншооти обӣ:
- ташкили истифодаи судманди замини фонди давлатии об;
- таъсиси фонди суғурта аз ҳисоби пардохтҳо барои хизмати обрасонӣ ҷихати барқарорсозии фондҳои асосӣ ва аз байн бурдани офатхои табиӣ;
- иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати нигаҳдошт ва беҳбуди ҳолати иншооти обӣ, оид ба пешгирӣ ва рафъи таъсири зиёновари об, инчунин ифлосшавии об, барқарорсозии объектҳое, ки дар натиҷаи садама, обхезӣ, сел ва дигар офатҳои табиӣ зарар дидаанд;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳо;
- дастгирии машваратии Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об;
- барои обистифодабарандагон муқаррар намудани лимит барои истифодаи захираҳои обӣ;
- ба мувофиқа расонидан ва додани иҷозат барои сохтмони иншооти хоҷагии об ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
- пешбурди баҳисобгирии истифодаи об барои эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт, муқаррар намудани мутобиқати миқдорӣ ва сифатии нишондиҳандаҳои истифодаи об ба талаботи меъёрӣ;
- пешбурди Кадастри давлатии об;
- пешбурди Реестри давлатии иншооти хоҷагии об, ки маҷмӯи маълумоти ба система даровардашудаи шиносномадиҳӣ ба иншооти хоҷагии об мебошад;
- таъсис ва истифодаи махзани маълумот ва системаи иттилоотонӣ оид ба ташаккул ва истифодаи захираҳои об;
- ҳамоҳамсозии фаъолият оид ба рушди системаҳои мутамарказ ва ғайримутамаркази бо об таъмин намудани деҳот ва чарогоҳҳо;
- ба мувофиқа расонидани ҷойгиронӣ ва истифодаи иншоот, корхонаҳо ва объектҳо, пешбурди кор дар объектҳои хоҷагии об дар хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ;
- ба мувофиқа расонидани маҳали сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳое, ки ҳолати дахлдори техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин менамоянд, инчунин назорати риояи қоидаҳои истифодаи онҳо;
- ба мувофиқа расонидани шартҳои пур кардан ва истифодаи обанборҳо, инчунин истифодаи дигар иншооти обӣ барои эҳтиёҷоти гидроэнергетики;
- додани иҷозат барои истифодаи иншооти обӣ ҷиҳати партофти обҳои олудаи саноатӣ, маишию коммуналӣ, дренажи, обҳои борон ва дигар обҳои ҷоришаванда ва истифодаи махсуси об тибқи тартиби муқарраргардида;
- ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи захираҳои обӣ аз ҷониби ташкилоти давлатии система;
- дар доираи салоҳияти худ анҷом додани ҳамкорҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- таъсис, азнавташкилдихӣ ва барҳамдиҳии ташкилот ва корхонаҳои система;
- маҳдуд сохтани додани об ба обистифодабарандагон, тасҳеҳи нақшаи додани об бо дарназардошти низоми тағйирёфтаи оби манбаи обёрӣ, шароити иклимӣ, вазъҳои садамавӣ дар иншооти обӣ, таҳдиди хуруҷи эпидемия ва дигар холатҳо, инчунин бо мақсади таъмини шароити истифодаи иншооти обӣ барои эҳтиёҷоти ахолӣ бо оби нушокӣ ва мақсадҳои маишӣ;
- дар доираи салоҳият ва вазифаҳои худ таъсис додани комиссияҳо;
- гузаронидани озмун ва бастани карордодҳои давдатӣ ҷиҳати ҷойгиркунии фармоиш барои молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмию тадкикотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- таҳлили татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолият;
- анҷом додани функсияи ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои нигаҳдошти Вазорат ва татбики функсияҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда пешбинӣ гардидаанд;
- ташкили қабули шаҳрвандон, пурра ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон, қабули қарор оид ба онҳо ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуигузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани ҷавоб ба аризадиҳандагон;
- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд;
- таъмини омодагии сафарбарии Вазорат, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаю ташкилот оид ба омодагии сафарбарӣ, ки дар системаи он қарор доранд;
- ташкили омодагии касбии кормандони Вазорат, бозомузӣ, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомузии онхо;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои корҳо оид ба ҷамъоварӣ, нигаҳдошт, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Вазорат ташаккул ёфтаанд;
- иҷрои дигар ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, агар чунин ваколатҳо мутобиқӣ қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошанд.
6. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Вазорат заруранд, аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи ройгон дархост намояд ва ба даст орад;
- ҳуқуқи обистифодабарандагонро ҳангоми андешидани чораҳои таъхирнопазир оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани окибатҳои офатҳои табиӣ, ки аз сабаби таъсири зиёновари об рӯҳ додааст, маҳдуд намояд;
- ҳангоми мунтазам пардохт накардани ҳаққи хизмати обрасонӣ истифодаи обро қисман ё пурра маҳдуд намояд;
- истифодабарии обро барои шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои мунтазам вайрон кардани шартҳои шартномаи обистифодабарӣ, гузаронидани мӯҳлати дар иҷозатнома барои обистифодабарии махсус зикргардида, инчунин ҳангоми ба миён омадани зарурати давлатии баргашта гирифтани иҷозатнома барои обистифодабарии махсус қатъ гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида нишонаҳои ифтихорӣ ва дигар мукофоти идоравӣ таъсис диҳад ва барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шаҳрвандонро сарфароз гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи фаъолият ташкилоти илмӣ ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар соҳаи мукарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, чопи дигар мавод оид ба масъалаҳои тахти салоҳияти Вазорат ва корхонаю ташкилоти система қарордошта воситаҳои чопии иттилооти умум таъсис дихад;
- дигар амалҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро анҷом диҳад.
7. Вазорат дар фаъолияти худ ҳуқуқ надорад функсияҳои назорат ва инчунин функсияи идораи амволи давлатиро анҷом диҳад, ба ғайри аз ҳолатҳлое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқи муқаррар намудаанд.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо, санадҳои Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти худидоракуниb махаллӣ пешбинӣ нанамудаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
III. Ташкили фаъолият
8. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазир рохбарӣ менамояд, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинон дорад, ки бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Шумораи муовинони Вазирро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Хайати мушовараи Вазорат аз Вазир, муовинони он (вобаста ба вазифа), инчунин дигар аъзо иборат аст, ки бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
9. Воҳидҳои сохтории Вазорат аз раёсатҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Вазорат иборат мебошанд. Ба таркиби раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо шомиланд.
10. Вазир:
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- низомномаи вохидҳои сохтории Вазоратро тасдиқ менамояд;
- оид ба таъини муовинони Вазир ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- кормандони Вазорат ва воҳидҳои сохтории системаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳал менамояд;
- сохтор ва ҷадвали штатии Вазоратро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва сметаи хароҷоти нигаҳдошти Вазоратро дар доираи маблағгузорӣ, ки барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаҳо муассиса ва дигар ташкилоти система, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;
- сметаи хароҷот ва ҷадвали штатии воҳидҳои системаро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети Ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Вазорат ва воҳидҳои система пешниҳод манзур медорад;
- дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба корхонаю муассиса ва ташкилоти система супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- қарорҳои корхонаю муассиса ва дигар ташкилоти системаро, ки хилофӣ қонунгузорӣ мебошанд, агар қонун тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад, бекор мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Вазорат, корхонаю муассиса ва ташкилоти сисгема, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- фармоишҳо мебарорад, ки дорои хусусияти меъёрӣ мебошанд ва вобаста ба масъалҳои оперативӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Вазорат бошад фармонҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад.
11. Маблағгузории хароҷоти нигаҳдории Вазорат аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, анҷом дода мешавад.
12. Вазорат дорои амволе мебошад, ки бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба он дода шудааст.
13. Вазорат шахси ҳуқуқӣ, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти ном, муҳрҳои дигар, штампҳо ва намунаи бланки муқарраргардида буда, аз ҳисобномаи ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
14. Маҳали ҷойгиршавии Вазорат: - Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 734064, кӯчаи Шамси 5/1 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» декабри соли 2006 № 595
тасдиқ шудааст
Сохтори
дастгоҳи марказии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати истифодаи иншоотҳои обёрӣ
Раёсати захираҳои об, илм ва техника
Раёсати иқтисод ва ояндабинӣ
Раёсат оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ва кадрҳо
Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ ва молия
Шӯъбаи истифода, мониторинги ҳолати техникии пойгоҳҳои насосҳо, барқ ва алоқа
Шӯъбаи равобити иқтисодии хориҷӣ
Шӯъбаи сохтмони асосӣ ва корҳои пудратӣ
Шӯъбаи механизатсия, нақлиёт ва саноат
Замимаи 3
Бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» декабри соли 2006 № 595
тасдиқ шудааст
Нақшаи
Идоракунии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати хоҷагии оби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати хоҷагии оби Вилояти Суғд
Раёсати хоҷагии оби Вилояти Хатлон
Раёсати байниноҳиявии хоҷагии оби Душанбе
Раёсати байниноҳиявии хоҷагии оби Ҳисор
Раёсати сохтмон, лоиҳакашӣ, истифодабарии оби нӯшокии деҳот ва чарогоҳҳо
Замимаи 4
Бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28» декабри соли 2006 № 595
тасдиқ шудааст
Номгӯи
Корхонаю муассиса ва дигар ташкилоти системаи Вазорати
Мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муассисаи давлатии «Тоҷик НИИГиМ»
Муассисаи давлатии «Тоҷикоблоиҳакашӣ»
Муассисаи давлатии сохтмони мелиоративии Суғд
Муассисаи давлатии сохтмони мелиоративии Душанбе
Шӯъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали «Дӯстлик»-и Даштҳои ташнаоб
Раёсати болодарёии иттиҳодияи ҳавзаи хоҷагии оби «Амударё»
Котиботи комиссияи ҳамоҳангсозии байнидавлатии хоҷагии об
Корхонаи воҳидии давлатии «Экспедитсияи тоҷикии гидрогеологию мелиоративӣ»
Корхонаи воҳидии давлатии «Суғдобсохтмон»
Корхонаи воҳидии давлатии «Вахшсохтмон»
Корхонаи воҳидии давлатии «Тоҷикселезашита»
Корхонаи воҳидии давлатии «Обёрии мошинӣ-и шаҳри Душанбе»
Корхонаи воҳидии давлатии иншоотҳои нақби обии Данғара
Корхонаи воҳидии давлатии шабакаҳои барқӣ ва зердастгоҳҳо
Корхонаи воҳидии давлатии «Канали Чубек»-и ноҳияи Фархор
Корхонаи воҳидии давлатии «Тоҷикводавтоматика»
Корхонаи воҳидии давлатии «Масолеҳи оҳанну бетонӣ»-и шаҳри Сарбанд
Корхонаи воҳидии давлатии хоҷагии оби Рашт
Корхонаи воҳидии давлатии хоҷагии оби Ҷиргатол
Корхонаи воҳидии давлатии хоҷагии оби Нуробод
Корхонаи воҳидии давлатии хоҷагии оби Тоҷикобод
Корхонаи воҳидии давлатии хоҷагии оби Тавилдара
Корхонаи воҳидии давлатии оид ба сохтмону комплектатсияи системаҳои мелиоративӣ
Корхонаи хурди воҳидии давлатии «Пешрав»
Корхонаи воҳидии давлатии истифодабарии иншоотҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ
Колонаи воҳиди давлатии корҳои махсусгардонидаи №10 шаҳри Ваҳдат
Корхонаи воҳидии давлатии канали «Хоҷабоқирғон»
Корхонаи воҳидии давлатии сохтмону истифодабарии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.


